App Store
Дарус Суннаҳ
5 Oct 2026launched 4 days ago
–No ratings yetRead reviews
n/aApple doesn’t publish installs
WorldwideSold in 50+ App Store storefronts
1.0latest version · 3 days ago
Estimated downloads
IndieTower estimateSee how many downloads this app getsEstimates for every app are part of the Indie plan.
Create a free accountScreenshots
About
Дар бораи барнома Ин барнома барои омӯзиши Исломи саҳеҳ бар асоси Қуръони Карим ва суннати Паёмбар Муҳаммад (с.а.в.) таҳия шудааст. Маводи таълимӣ бо далелҳои равшан ва фаҳмиши дуруст пешниҳод гардида, барои ҳар мусалмоне, ки мехоҳад дини худро дуруст биомӯзад, хеле мувофиқ аст. Маводҳо дар ин барнома бо забони сода ва равон пешкак шудааст, то ҳам навомӯзон ва ҳам касоне, ки маълумоти динӣ доранд, битавонанд бе душворӣ аз он истифода баранд. Ҳар мавзӯъ бо тартиб ва равшанӣ пешниҳод мегардад. Ин барнома барои касоне пешбинӣ шудааст, ки мехоҳанд худро ба самти хубтар ислоҳ намоянд, имони худро қавӣ гардонанд ва ибодатҳояшонро мувофиқи Қуръон ва суннат анҷом диҳанд. Ҳадаф пешниҳоди маводи саҳиҳу дуруст ва дар ҳаёти ҳаррӯза муҳим мебошад. Маводи барнома ба омӯзиши шахсӣ, мутолиаи ҳаррӯза ва такмили донишҳои динӣ мусоидат мекунад. Он метавонад ҳамчун манбаи доимии омӯзиш истифода шавад. --- Дар барнома чӣ ҳаст: Қуръони Карим: Дар барнома ҳамаи 114 сураи Қуръони Карим дар формати MP3 ҷой дода шудааст. Истифодабаранда метавонад аз қироати якчанд қорӣ ҳаловат барад ва тадаббур кунад бар оятҳои илоҳӣ. Ҳадис: Дар бахши ҳадисҳо 40 ҳадиси Имом Нававӣ бо шарҳи кӯтоҳ ва фаҳмо пешниҳод мегардад. Ҳар ҳадис бо мақсади фаҳмондани маънои амалӣ дар зиндагии мусалмон оварда шудааст. Ин бахш барои ислоҳи ахлоқ, ният ва амалҳо хеле муҳим аст. Тавҳид: Дарсҳо оид ба тавҳид ва асосҳои муҳими ислом ҷой дода шудаанд. Дар ин бахш ягонагии Аллоҳ, маънои ибодат, имон ба фариштагон, китобҳо, паёмбарон, рӯзи қиёмат ва қазо ва қадар фаҳмонда мешавад. Ҳамчунин барнома ба дурӣ аз ширк, хурофот ва бидъат аҳаммияти ҷиддӣ медиҳад. Фиқҳ ва ҳарому ҳалол: Дар бахши фиқҳ масъалаҳои муҳими ибодат ба таври амалӣ шарҳ дода мешаванд. Таҳорат, намоз, рӯза, закот, ҳаҷ ва умра бо қоидаҳои асосӣ ва тартиби дуруст пешниҳод мегарданд. Ин бахш ба корбар кумак мекунад, ки фароиз ва ибодатҳоро бо итминон ва дуруст анҷом диҳад. Ахлоқ ва одоб: Ахлоқи нек қисми ҷудонашавандаи Ислом аст. Дар ин бахш мавзӯъҳо оид ба одоби муомила, эҳтироми падару модар, муносибат бо мардум, ростқавлӣ, сабр, ихлос ва покии ният баррасӣ мешаванд. Мавод ба беҳтар шудани рафтори шахсӣ ва иҷтимоии мусалмон мусоидат мекунад. Панду насиҳат: Дар барнома панду насиҳатҳое ҷой дода шудаанд, ки барои бедор кардани қалб ва ислоҳи нафс равона шудаанд. Амри маъруф ва наҳйи мункар бо услуби ором ва ҳикматомез пешниҳод мегардад. Ин бахш барои тақвияти имон ва худназоратӣ бисёр муфид аст. Саволу ҷавобҳои динӣ: Саволҳои маъмуле, ки мусалмонон дар бораи ибодат ва зиндагии ҳаррӯза доранд, ҷамъоварӣ шуда, бо ҷавобҳои равшан ва далелнок пешниҳод мегарданд. Ин бахш барои бартараф кардани шубҳаҳо ва фаҳмиши дуруст кӯмак мекунад. Барои кист ин барнома: Ин барнома барои ҳар мусалмони форсизабон пешбинӣ шудааст. Барои касоне, ки мехоҳанд Исломро аз манобеи саҳеҳ омӯзанд. Барои навомӯзон, ки мехоҳанд асосҳоро бифаҳманд. Барои ҷавонон ва калонсолоне, ки мехоҳанд донишҳои динии худро такмил диҳанд. Барои касоне, ки мехоҳанд ибодатҳояшон дуруст ва қабулшаванда бошад. Барои омӯзиши ҳаррӯза, худомӯзӣ ва такрори донишҳои динӣ. Афзалиятҳои барнома: Барнома истифодаи осон дорад ва барои ҳар кас фаҳмост. Матни равшан ва тартибёфта хонданро осон мекунад. Ҳаҷми барнома хурд буда, дар аксари дастгоҳҳо хуб кор мекунад. Пас аз боргирӣ кардани мавод, истифода бидуни интернет имконпазир аст. Муносиб барои ҳама синну сол мебошад. Барои омӯзиш дар ҳар вақт ва ҳар ҷо қулай аст. Мавод ба таври мунтазам навсозӣ мегардад. Эзоҳ!!! Ин барнома танҳо таълимӣ мебошад. Ба ҳеҷ гурӯҳ, ҳизб ё ҷараёни сиёсӣ рабт надорад. Ҳадафи он омӯзиши Ислом бар асоси Қуръони Карим ва суннати Паёмбар (с.а.в.) бо фаҳмиши дуруст ва саҳеҳ мебошад. Агар ин барнома ба шумо писанд омад, хоҳиш мекунем баҳои 5 гузоред ва фикру назари худро нависед. Баҳои хуби шумо сабаби паҳн гаштани ин барнома мешавад ва шумо дар савоб шарик мешавед. Дуо гуфтанро дар ҳаққи мо фаромуш насозед.Read more
Дар бораи барнома
Ин барнома барои омӯзиши Исломи саҳеҳ бар асоси Қуръони Карим ва суннати Паёмбар Муҳаммад (с.а.в.) таҳия шудааст. Маводи таълимӣ бо далелҳои равшан ва фаҳмиши дуруст пешниҳод гардида, барои ҳар мусалмоне, ки мехоҳад дини худро дуруст биомӯзад, хеле мувофиқ аст.
Маводҳо дар ин барнома бо забони сода ва равон пешкак шудааст, то ҳам навомӯзон ва ҳам касоне, ки маълумоти динӣ доранд, битавонанд бе душворӣ аз он истифода баранд. Ҳар мавзӯъ бо тартиб ва равшанӣ пешниҳод мегардад.
Ин барнома барои касоне пешбинӣ шудааст, ки мехоҳанд худро ба самти хубтар ислоҳ намоянд, имони худро қавӣ гардонанд ва ибодатҳояшонро мувофиқи Қуръон ва суннат анҷом диҳанд. Ҳадаф пешниҳоди маводи саҳиҳу дуруст ва дар ҳаёти ҳаррӯза муҳим мебошад.
Маводи барнома ба омӯзиши шахсӣ, мутолиаи ҳаррӯза ва такмили донишҳои динӣ мусоидат мекунад. Он метавонад ҳамчун манбаи доимии омӯзиш истифода шавад.
---
Дар барнома чӣ ҳаст:
Қуръони Карим:
Дар барнома ҳамаи 114 сураи Қуръони Карим дар формати MP3 ҷой дода шудааст. Истифодабаранда метавонад аз қироати якчанд қорӣ ҳаловат барад ва тадаббур кунад бар оятҳои илоҳӣ.
Ҳадис:
Дар бахши ҳадисҳо 40 ҳадиси Имом Нававӣ бо шарҳи кӯтоҳ ва фаҳмо пешниҳод мегардад. Ҳар ҳадис бо мақсади фаҳмондани маънои амалӣ дар зиндагии мусалмон оварда шудааст. Ин бахш барои ислоҳи ахлоқ, ният ва амалҳо хеле муҳим аст.
Тавҳид:
Дарсҳо оид ба тавҳид ва асосҳои муҳими ислом ҷой дода шудаанд. Дар ин бахш ягонагии Аллоҳ, маънои ибодат, имон ба фариштагон, китобҳо, паёмбарон, рӯзи қиёмат ва қазо ва қадар фаҳмонда мешавад. Ҳамчунин барнома ба дурӣ аз ширк, хурофот ва бидъат аҳаммияти ҷиддӣ медиҳад.
Фиқҳ ва ҳарому ҳалол:
Дар бахши фиқҳ масъалаҳои муҳими ибодат ба таври амалӣ шарҳ дода мешаванд. Таҳорат, намоз, рӯза, закот, ҳаҷ ва умра бо қоидаҳои асосӣ ва тартиби дуруст пешниҳод мегарданд. Ин бахш ба корбар кумак мекунад, ки фароиз ва ибодатҳоро бо итминон ва дуруст анҷом диҳад.
Ахлоқ ва одоб:
Ахлоқи нек қисми ҷудонашавандаи Ислом аст. Дар ин бахш мавзӯъҳо оид ба одоби муомила, эҳтироми падару модар, муносибат бо мардум, ростқавлӣ, сабр, ихлос ва покии ният баррасӣ мешаванд. Мавод ба беҳтар шудани рафтори шахсӣ ва иҷтимоии мусалмон мусоидат мекунад.
Панду насиҳат:
Дар барнома панду насиҳатҳое ҷой дода шудаанд, ки барои бедор кардани қалб ва ислоҳи нафс равона шудаанд. Амри маъруф ва наҳйи мункар бо услуби ором ва ҳикматомез пешниҳод мегардад. Ин бахш барои тақвияти имон ва худназоратӣ бисёр муфид аст.
Саволу ҷавобҳои динӣ:
Саволҳои маъмуле, ки мусалмонон дар бораи ибодат ва зиндагии ҳаррӯза доранд, ҷамъоварӣ шуда, бо ҷавобҳои равшан ва далелнок пешниҳод мегарданд. Ин бахш барои бартараф кардани шубҳаҳо ва фаҳмиши дуруст кӯмак мекунад.
Барои кист ин барнома:
Ин барнома барои ҳар мусалмони форсизабон пешбинӣ шудааст.
Барои касоне, ки мехоҳанд Исломро аз манобеи саҳеҳ омӯзанд.
Барои навомӯзон, ки мехоҳанд асосҳоро бифаҳманд.
Барои ҷавонон ва калонсолоне, ки мехоҳанд донишҳои динии худро такмил диҳанд.
Барои касоне, ки мехоҳанд ибодатҳояшон дуруст ва қабулшаванда бошад.
Барои омӯзиши ҳаррӯза, худомӯзӣ ва такрори донишҳои динӣ.
Афзалиятҳои барнома:
Барнома истифодаи осон дорад ва барои ҳар кас фаҳмост.
Матни равшан ва тартибёфта хонданро осон мекунад.
Ҳаҷми барнома хурд буда, дар аксари дастгоҳҳо хуб кор мекунад.
Пас аз боргирӣ кардани мавод, истифода бидуни интернет имконпазир аст.
Муносиб барои ҳама синну сол мебошад.
Барои омӯзиш дар ҳар вақт ва ҳар ҷо қулай аст.
Мавод ба таври мунтазам навсозӣ мегардад.
Эзоҳ!!!
Ин барнома танҳо таълимӣ мебошад. Ба ҳеҷ гурӯҳ, ҳизб ё ҷараёни сиёсӣ рабт надорад. Ҳадафи он омӯзиши Ислом бар асоси Қуръони Карим ва суннати Паёмбар (с.а.в.) бо фаҳмиши дуруст ва саҳеҳ мебошад.
Агар ин барнома ба шумо писанд омад, хоҳиш мекунем баҳои 5 гузоред ва фикру назари худро нависед. Баҳои хуби шумо сабаби паҳн гаштани ин барнома мешавад ва шумо дар савоб шарик мешавед.
Дуо гуфтанро дар ҳаққи мо фаромуш насозед.
Store page changes
Title, subtitle, icon, screenshots and priceNo changes recorded yet. Each time we check this app we compare its store page with the last one and log what changed. Create a free account and save this app to have its store page checked every day.
Versions
- Version 1.0First seen · 6 Oct 2026
Countries
Worldwide
Apple lists this app in 50 or more storefronts, so it is available almost everywhere.
Turkey
Chart positions
Not seen in the charts we track yet.